Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Ток-шоу”

Имрӯз дар шабакаҳои телевизионӣ яке аз барномаҳои ҷолибтарин, ин ток-шоу аст. Ин барнома ба қадри бояду шояд мухлисони худро пайдо карда бинандаи хоси худро дорад. “Ток-шоу” имруз дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Роҳандозии чунин барномаҳои пурмӯҳтаво барои рангорангии шабакаҳои телевизионӣ имконият фароҳам меорад.
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” баҳри баланд бардоштани малакаи касбии рӯзноманигороне, ки барномаи “Ток-шоу”-ро омода мекунанд, силсилаи машғулиятҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла журналисти шинохта Шаҳло Акобирова барои 12 нафар рузноманигори шабакаҳои телевизионии кишвар дар мавзӯи “Таҳияи ток- шоу дар телевизион” машғулият оғоз кард. Он 5 руз идома ёфта, дар ин муддат иштирокчиён аз асрори омода сохтани барномаҳои ток-шоу, тарзу усули пешниҳоди барномаҳои калонҳаҷми дархӯри завқи тамошобинон ошно мегарданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.