Маҳорати аксбардорӣ

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои такмили ихтисоси суратгирони идораҳои ВАО таҳти унвони “Маҳорати аксбардорӣ” машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Курси бозомӯзӣ ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, иштирокчиён оид ба таърихи пайдоиш ва истифодаи дурусти дастгоҳҳои суратгирӣ, интихоби макон ва объект ҳангоми аксбардорӣ, истифодаи рушноӣ ва дигар нозукиҳои касби аккосӣ маълумот гирифтанд. Аксбардори соҳибтаҷриба Заур Дахте иброз дошт, ки барои суратгири касбӣ шудан диди тоза ва дарки амиқи муҳит нақши муҳим мебозад. Бинобар ин ҳар як нафаре, ки аксбардориро ҳамчун касб интихоб мекунад дар баробари таҷҳизоти босифат ҳамзамон бояд дорои завқ, шавқ ва салиқаи хос бошад. Омӯзгор дар ҷараёни машғулият бо корҳои амалии иштирокчиён шинос гардида, ба онҳо барои рушди касбияташон маслиҳатҳои муфид дод. Дар курси бозомӯзӣ 10 нафар аксбардори нашрияю маҷалла ва агентиҳои иттилоотӣ иштирок намуда, барои сайқали маҳорати худ аз таҷрибаи Заур Дахте истифода хоҳанд кард.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.