» » Ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО: Имконият, воқеият ва дурнамо


Ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО: Имконият, воқеият ва дурнамо

     "Ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо ВАО: Имконият, воқеият ва дурнамо", зери ин унвон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Академияи ВАО-и Тоҷикистон ва АМИТ "Ховар" музи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд. 
     Хуршед Сафарзода - мудири бахши иттилоот ва таҳлили раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки фаъолияти ВАО ба инъикоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нигаронида шуда, вазифаи асосии онҳо расонидани иттилои дақиқ ба аудитория мебошад. Дар ин раванд марказҳои матбуотӣ метавонанд саҳми назаррас дошта бошанд. 
     Директори АМИТ "Ховар" Сайдалӣ Сиддиқ таъкид дошт, ки дар бисёр ҳолатҳо ба назар мерасад, ки масъулини марказҳои матбуотии вазорату муассисаҳо ҳамкориҳоро бо агентӣ дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд, ки ин боиси нигаронист.
     Зинатуллоҳ Исмоилзода - раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва директори "Академияи ВАО-и Тоҷикистон" қайд намуд, ки журналистон нафарони фаъоли ҷомеа ҳастанд ва марказҳои матбуотӣ бошанд манбаи боэътимоди хабар оид ба фаъолияти вазорату муассисаҳо ба шумор мераванд. Аз ин ру онҳо бояд ҳамкор ва мададрасони якдигар бошанд. У ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо миёни марказҳои матбуотӣ ва ВАО ҳар семоҳа нишастҳо ташкил карда шавад. 
     Ҳамзамон мудири шуъбаи нашрияи Академияи ВАО-и Тоҷикистон Мохпора Маҳмадиева натиҷаи назарсанҷиеро, ки миёни марказҳои матбуотӣ аз ҷониби МД "Академияи ВАО-и Тоҷикистон" гузаронида шуда буд муаррифӣ кард. Дар навбати худ намояндагони марказҳои матбуотӣ Эҳсон Сафарзода, Замира Абдусаломзода, Сабоҳат Маҳмадалӣ, Қиёмиддин Сатторов ва дигарон оид ба ҳамкориҳо бо ВАО андешаҳои худро иброз доштанд. 
      Тавсияҳо барои фаъолияти минбаъдаи пурсамари марказҳои матбуотӣ ва ВАО коркард карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.


скачать dle 11.3
Муаллиф: admin | 31-03-2020, 09:09
Нигоҳҳо: 343
    
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Шарҳи худро нависед
Номи Шумо: *
Е-mail: *
Рамз: Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Рамзро ворид кунед: