» » Дурнамои омода намудани мутахассисони медиа дар шароити муосир


Дурнамои омода намудани мутахассисони медиа дар шароити муосир

                                     
   
  Дар асоси дастуру супоришҳое, ки рӯзи 20-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ВАО изҳор доштанд, дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” рӯзи 1-уми март ҳамоиш дар мавзӯи “Дурнамои омода намудани мутахассисони медиа дар шароити муосир” гузаронида шуд. Зимни суханронии худ раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода қайд намуд, ки таъсис ва фаъолияти Академияи ВАО дар самти такмили ихтисоси кормандони ВАО назаррас мебошад. Давлат Сафар сардори раёсати таъбу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг иброз дошт, ки  журналистон қишри боидроки ҷомеа буда, бояд ҳангоми инъикоси тамоми масоил манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Зинатулло Исмоилзода директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”  тарбияи журналистони соҳибтахассусро яке аз омилҳои асосии рушди рӯзноманигории тоҷик арзёбӣ карда, дар ин раванд бо масъулият ба касби интихобкардаи худ муносибат кардани кормандони ВАО-ро таъкид кард. Ҳамзамон дар ҳамоиш олимони соҳа Абдусаттор Нуралиев, Шариф Муллоев, Муҳаммадӣ Муқимов ва Сангин Гулов дар мавзӯъҳои “Стандартҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо”, “Роҳу усулҳои навини тарбияи кадрҳои журналистӣ”, “Такмили ихтисоси кормандони ВАО дар дохил ва хориҷи кишвар”, “Амалияи омода намудани кадрҳои журналистӣ: воқеият ва имконият” муаррифиҳои худро пешниҳод карданд.
    
скачать dle 11.3
Муаллиф: admin | 1-03-2019, 12:38
Нигоҳҳо: 247
    
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Шарҳи худро нависед
Номи Шумо: *
Е-mail: *
Рамз: Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Рамзро ворид кунед: