Ҳамоиш дар Академияи ВАО



     Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар доираи баргузории Рӯзҳои  Донишкадаи давлатии киноматографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 100-солагии ин кохи ҳунар бахшида шудааст, бо иштироки намояндагони донишкадаи мазкур ва кормандони ВАО вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён зимни баромади худ аз таърихи синамои тоҷик ёдовар шуда, саҳми ин мактаби бузурги ҳунариро дар пешрафти кинои ватанӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси соҳа қайд намуд. Зеро миёни ҳунармандони боистеъдоди кинои тоҷик нафарони зиёде дастпарварони ин донишгоҳ мебошанд. Владимир Малишев ректори Донишкадаи давлатии киноматографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар ҳамоиш суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки онҳо омодаанд ҳунармандони ҷавони тоҷикро барои соҳаи синамо ба омӯзиш фаро гиранд. Рӯзҳои  Донишкадаи давлатии киноматографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15-уми март идома меёбанд.
скачать dle 11.3
Муаллиф: admin | 13-03-2019, 16:22
Нигоҳҳо: 98
    
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Шарҳи худро нависед
Номи Шумо: *
Е-mail: *
Рамз: Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Рамзро ворид кунед: