» » Семинари омӯзишӣ дар Бонки миллӣ


Семинари омӯзишӣ дар Бонки миллӣ

     25 июни соли 2019 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО-и Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардида, ҳадафи он пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба бонкдорӣ ва низоми бонкӣ барои намояндагони матбуот, телевизион ва радио буд. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова нақши воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар роҳи баланд бардоштани рушди иқтисодӣ, низоми бонкии мамлакат ва маърифати молиявии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
     Маҳз тавассути воситаҳои ахбори омма шаҳрвандони кишвар имкон пайдо мекунанд, ки иттилоъи заруриро пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар қадаре ки хабарнигорон мавзӯъҳои соҳавиро амиқан дарк ва мушаххас таҳлил намоянд ва дар бораи он маводҳо нависанд, ҳамон қадар шаҳрвандони кишвар оид ба низоми бонкӣ ва иқтисолиёт маълумоти дуруст ва бидуни таҳриф ба даст меоранд, - иброз намуд Лола Салимова.
    Баъдан Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори МД “Академияи ВАО Тоҷикистон” Зинатуллоҳ Исмоилзода ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории семинари мазкур изҳори сипос намуда, зикр кард, ки баргузории чорабинии мазкур барои баланд бардоштани донишҳои молиявии рӯзноманигорон мусоидат мекунад. Бо дарки масъулият ва фаҳмиши пурра мавриди баррасӣ қарор додани  дилхоҳ мавзӯъ аз ҳар як журналист дониши васеи соҳавиро талаб менамояд. Семинари имрӯза маҳз барои баланд бардоштани донишҳои молиявӣ ва бонкдории рӯзноманигорон ташкил карда шудааст - таъкид дошт Зинатуллоҳ Исмоилзода.
      Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои сохтори низоми бонкӣ, сиёсати фоизӣ, қарз ва пасандоз, сиёсати пулию қарзӣ, меъёри бозтамвил, таваррум, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, пули миллӣ ва нишонаҳои ҳимоявии он, сиёсати қурби асъор, пардохти ғайринақдӣ - рушди омили иқтисодиёт, кеш бек, бонкинги мобилӣ ва QR код рӯнамоиҳои алоҳида манзур гардид. Маърӯзаҳо ва рӯнамоиҳои пешниҳодгардида имкон фароҳам оварданд, ки рӯзноманигорон доир ба мавзӯъҳои гуногуни молиявӣ ва бонкдорӣ маълумоти муфассал ба даст оранд ва дар ҷараёни фаъолияти минбаъдаи худ аз он фаровон истифода баранд.
       Дар охири семинари омӯзишӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба манфиат буда, барои боло бардоштани дониши молиявии рӯзноманигорон ва ба василаи онҳо, ҷомеа мусоидат менамояд.

скачать dle 11.3
Муаллиф: admin | 26-06-2019, 08:29
Нигоҳҳо: 58
    
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Шарҳи худро нависед
Номи Шумо: *
Е-mail: *
Рамз: Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Рамзро ворид кунед: