ТВ ва Радио

Шӯъбаи телевизион ва радиои МД «Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон» фаъолияташро барои бозомузӣ ва такмили ихтиссоси кормандони телевизион ва радио ба роҳ мондааст. Ихтиссосҳои журналист, коргардон, наворбардорон, дизайн ва рассомӣ, коргардонхои овоз, муҳандисони танзим ва дигар касбҳо, ки ниёз ба бозомузӣ доранд дар ин ҷо касбияти худро баланд мебардоранд. Тибқи нақшаи кори барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ва мастер классҳо дар асоси шартнома мутахассисони ҳирфаиро даъват менамоем. Машғулиятҳо ба тарзи назариявӣ дар утоқи дарси ва амалӣ дар студияи телевизион бо истифода аз таҷҳизотҳои наворбардориву танзим гузаронида мешаванд. Шӯъбаи Тв ва радио барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиоро таҳлил ва тадқиқот карда андешаҳои худро оиди беҳтар намудани онҳо иброз медоранд. Ҳамзамон барои муайян намудани аудаторияи вокеъии телевизион ва радио дар шаҳру ноҳияҳои кишвар назарсанҷиҳо гузаронида мешавад. Ин назарсанҷиҳо пеш аз ҳама нишон медиҳанд, ки тамошобин нисбати барномаҳои телевизион ва радио чӣ андеша доранд ва дар оянда чӣ гуна онҳоро дидан мехоҳанд. Дар бораи муҳтавои барномаҳо саривақти будани иттилоот ва барномаҳои муаллифи фикрҳои худро иброз медоранд. Шӯъбаи телевизион ва радио инро тадқиқот намуда оид ба ин андешаҳо маводҳои заруриро барои машғулиятҳои омузиши пешниҳод менамояд.
Шуъбаи телевизион ва радиои МД «Академияи воситаҳои ахбори оммма”и Тоҷикистон тибқи нақша барои рушди касбияти кормандони соҳаи телевизион ва радио машғулиятҳои назариявию амали доир намуд.
Аввалин дарсе, ки шуъба гузаронид 12. 04 2016 барои кормандони радиоҳои кишвар дар мавзуъи “Инъикоси масоили соҳави дар барномаҳои радиои” буд. Давоми як ҳафта иштирокчиёнро устоди Донишгоҳи милли доктори илмҳои филологи, профессор Ҷовид Муқимов дарс гуфтанд ва ҳамзамон аз рафти ин машғулият гузоришҳо барои телевизион ва радиоҳо пахш гардид. Иштирокчиёнро бо Сертификат сарфароз гардонида шуданд.
[/spoiler][spoiler][/spoiler]
скачать софт