» » Машғулияти омӯзишӣ барои наворбардорони шабакаҳои телевизионии кишвар


Машғулияти омӯзишӣ барои наворбардорони шабакаҳои телевизионии кишвар

  Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои наворбардорони шабакаҳои телевизионии кишвар шуруъ гардид. Тавре ки директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Зинатулло Исмоилзода изҳор дошт, ҳадаф аз баргузории машғулияти мазкур боло бурдани савияи тахассусии наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ мебошад. Айни замон наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ ба  такмили ихтисос ниёз доранд. Аз ин хотир курси омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар рӯзи аввали машғулият омӯзгор Захар Винников бо намунаи корҳои эҷодии  иштирокчиён шинос гардида, андешаҳояшро оид ба тарзу услуби наворгирӣ баён дошт. Дар тӯли машғулият шунавандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни санъати  наворбардорӣ, тарзи дурусти истифодаи дастгоҳи наворбардорӣ, муайян намудани миқёси тасвир ва ғайраҳо маълумот мегиранд. Ба курси бозомӯзӣ 20-нафар наворбардорон аз “ТВ Тоҷикистон”, “ТВ Ҷаҳоннамо”, “ТВ Сафина”, “ТВ Варзиш”, “ТВ Синамо”, “ТВ Баҳористон”, “ТВ Бадахшон”, “ТВ Хатлон” ва “ТВ Кулоб” ҷалб шудаанд. Онҳо давоми панҷ рӯз барои сайқали маҳорати наворбардории худ аз омӯзгори варзида дастурҳо мегиранд.  Машғулияти мазкур аз бахшҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, то рӯзи 21-уми июн  идома меёбад.
скачать dle 11.3
Муаллиф: admin | 17-06-2019, 14:00
Нигоҳҳо: 206
    
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.

Ақидаҳо -
1

Hermankep - 18 июня 2019 02:31 комментариев публикаций
  • Нравится
  • 0
Viagra next day delivery USA ----- buy Viagra next day delivery
Шарҳи худро нависед
Номи Шумо: *
Е-mail: *
Рамз: Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Рамзро ворид кунед: