Академияи ВАО > Телевизион ва радио > Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири истифодаи садо"

Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири истифодаи садо"

   
   Аз 6-уми апрел дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО”- и Точикистон машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Технологияи муосири истифодаи садо”  барои коргардонҳои овоз ва танзимгарони барномаҳои телевизион ва радио оғоз гардид. Машғулиятро мутахассиси соҳа Фейруз Хакимов аз суолу чавоб оғоз намуда, бо фикру ақидаи иштироккунандагон ошноӣ пайдо карда,  ба онҳо дар кори минбаъдаашон тавсияҳо дод.
   Машғулият ба таври амалӣ ва назариявӣ гузаронида шуда, ҳар як иштироккунанда  аз тарзи истифодаи дурусти сабти овоз, равзанаи барномаҳо, усули коркарди овоз ва истифодаи эффектҳо маълумоти муфассал хоҳанд гирифт. Машғулияти мазкур то 10-уми апрел идома меёбад. Дар он 17 нафар аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ иштирок доранд. 
скачать dle 11.3



Вернуться назад