Роҳбарият
Директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”
Каримзода Ҳақназар Изатулло 7-уми январи соли 1973 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 ба мактаби миёнаи умумии рақами №3 қабул шуда, соли 1990 онро муваффақона хатм кардааст. Баъди хатми мактаби миёна фаъолияти меҳнатияшро дар совхози ба номи “Бӯстон”-и ноҳия оғоз намудааст. Сипас, баъди таҳсили Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами №66-и шаҳри Душанбе, аз соли 1992 то соли 1997 маълумоти олии касбии худро дар факултаи филалогия бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома бахшидааст. Шуруъ аз соли 1997 фаъолияти эҷодиву меҳнатии худро аз телевизиони Ҷамъиятии «Пойтахт» (ҳоло телевизиони “Душанбе”) ибтидо бахшида, давоми солҳои 2000-2009 дар идораҳои гуногуни телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррири хурд баъдан варзидаи шуъбаҳои фарҳанг ва маънавиёт, сиёсӣ, барномаҳои иттилоотӣ ва идораи барномаҳои сиёсӣ кор кор кардааст. Давоми солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини Сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» ифои вазифа намудааст. Аз соли 2015 то моҳи марти соли 2021 дар мақоми Сармуҳаррири нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» фаъолият намудааст. Рисолаи номзадии худро соли 2017 дар мавзуи «Инъикоси махсусиятҳои иҷтимову сиёсивии барномаҳо дар Телевизиони Тоҷикистон» (дар Намунаи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон ва Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» дифоъ намудааст). Айни замон докторанти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, муаллифи 5 китоб, 23 мақолаи илмӣ ва беш аз 170 мақолаҳои оммавию соҳавӣ мебошад. Солҳои 2021 – 2026 дар вазифаҳои муовини директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ёрдамчии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ин миён бори дувум масъулияти муовинии директори Академияи ВАО-ро ба уҳда дошт. Соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста», соли 2020 бо Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва соли 2021 ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чандин Ифтихорномаву Сипосномаҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардидааст.
Аз 23 апрели соли 2026 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №203 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” фаъолият дорад.
Тоҷикӣ
Русский
English 
Шарҳҳо пӯшидаанд.