ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ НАТТОҚОН ВА БАРАНДАГОНИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон”  барои наттоқон ва барандагони барномаҳои телевизиониву радиоӣ машғулияти  омӯзишӣ оғоз гардид.

Ортиқи Қодир – ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа ва Моҳлиқо Шарифова – наттоқ, директори ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳони орзу” дар машғулият ба шунавандагон маҳоратҳои асосии наттоқӣ, аз ҷумла маҳорати сунханварӣ, қироати меъёрии ахбор, шеваи талаффузи калимаву ибораҳо, риояи зада, назокатҳои хониши матн ва маҳорати суханварӣ дар барномаҳои мустақимро омӯзиш мегузаронанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кори телевизион ва радио ҳузури наттоқи бокасбият нақши асосӣ дар босифат таҳия гардидани барномаҳо мешавад. Аз ин рӯ, фаро гирифтани маҳоратҳои асосии наттоқӣ боиси тақвият ва боло бурдани сифати пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиши маҳоратҳои асосии наттоқиву суханварӣ боиси тақвияти касбияти кормандони телевизион ва радио гардида, боиси тақвияти сифати барномаҳои телевизиониву радиоӣ мегардад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.