CУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНФРОНСИ СММ ОИД БА ШАРҲИ ФАРОГИРИ МИЁНАМУҲЛАТИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028»
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулл,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал,
Ҳозирини гиромӣ,
Шуморо дар ин ҳамоиши муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, сипоси амиқи худро ҷиҳати иштироки фаъолатон дар раванди омодагии он иброз менамоям.
Басо рамзист, ки ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд.
Ҳамаи шуморо ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.
Бо ибтикори ҷониби мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор гузоштанд.
Албатта, дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои узв ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.
Бо истифода аз фурсат, мехостам ба ҳамаи онҳо барои талошҳои пайваста ва фаъолашон дар ин самт изҳори миннатдорӣ намоям.