АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

         Имрӯз машғулияти омӯзишии соҳаи кишоварзӣ анҷом ёфт. Дар машғулият кормандони шабакаҳои телевизион ва радио ширкат намуда, давоми 14 рӯз мавзуҳои муҳими марбут ба ин соҳаи афзалиятноки ҷомеаро аз худ карданд. Дар бахши аввал ба шунавандагон бахши чорворпарварии соҳаи кишоварзӣ омӯзиш дода шуда, дар бахши дигар нозукиҳои растанипарварӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ёдовар мешавем, ки машғулиятро омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рӯзиев Тӯйчӣ Бадалович – доктори илми кишоварзӣ, профессори кафедраи зоотехнияи ҷузъии факултети зооинженерӣ ва Ҷабборов Таваккал Ҷалилович – номзали илми кишоварзӣ, дотсенти кафедраи растанипарварии факултети агрономӣ гузаштанд. Ҳамин тариқ, дар анҷом ба 10 нафар шунавандагони машғулияти омӯзишӣ Сертификати МД “Академияи ВАО – и Тоҷикистон супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.