ИФТИТОҲИ ҶДММ «СИПАР ГУРӮҲ» ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ» – ро ба истифода доданд.
Корхонаи «Сипар гурӯҳ» дар доираи «Солҳои рушди саноат», 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.
Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.