МАШҒУЛИЯТИ АСОСҲОИ НАВОРБАРДОРӢ БА АНҶОМ РАСИД


Аз 22 то 26 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуӣ “Асосҳои санъати наворбардорӣ дар телевизион ва кино” баргузор гардид. Барои иҷрои корҳои амалӣ машғулият дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” гузашт ва шунавандагон бо истифода аз таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ асосҳои санъати наворбардориро аз худ карданд.
Мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи телевизион ва кино Дзалаев Георгий Измайлович ба шунавандагон асосҳои санъати наворбардорӣ, аз ҷумла истифодаи камера, интихоби кадру ракурси мувофиқ, интихоби тасвирҳои ҷолиб ҳангоми таҳияи барномаҳо ва дигар нозукиҳои кори наворбардориро омӯзонид.
Ёдовар мешавем, ки ташкили машғулияти мазкур барои боло бурдани маҳоратҳои наворбардории кормандони телевизион ва радио нақши муҳим иҷро менамояд.
Дар анҷоми машғулият ба 15 нафар шунавандагон сертификати муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.