МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.

Таъкид гардид, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки тайи зиёда аз се даҳсола барои таъмин намудани пешрафту ободӣ ва боз ҳам инкишофу тараққиёти кишвари маҳбубамон хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Идома

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.