САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ АСОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОНРО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.

Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС Иншоот” буда, лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардидааст.

Донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир намуда, ба истифода супоридани бинои хуштарҳи муосирро ба онҳо таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Идома

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.