КОНФРОНСИ НИЗОМИ НАВИ РАДИО, ТЕЛЕВИЗИОН ВА ИНТЕРНЕТ

Имрӯз (22.05.2026) дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзодаи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.

         Дар кори конфронс муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Соҳибзода, директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Ҳақназар Каримзода, муовини ректори ДМТ Сафармамад Сафармамадзода,  иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Дар бахши аввал проблемаҳои назариявӣ ва амалии фаъолияти радио ва телевизион ва дар бахши дувум масъалаҳои робитаи байниҳамдигарии интернет ва журналистика баррасӣ шуданд. Баъд аз ҳар як маърӯза муҳокимаи мавзуъ сурат гирифт, ки ин ба дигаргунӣ ва рушди илм мусоидат хоҳад кард. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи журналист ва воситаҳои ахбори омма танҳо иттилоърасонӣ нест ва аз пештара дида масъулият ба души ӯ пурзуртару гаронтар гардидааст.

Академияи ВАО

22.05.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.