ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО

Имрӯз (24.11.2026) дар толори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Ҳамоиш дар якҷоягӣ бо МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”, МД телевизиони “Варзиш” ва МД телевизиони “Синамо” доир гардида, дар кори он роҳбарони муассисаҳо ва кормандони эҷодиву техникӣ иштирок доштанд.

         Чорабиниро директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳақназар Каримзода оғоз бахшида, дар мавзуи “Парчам рамзи сарбаландӣ, ифтихор ва бақои миллат” маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки ҳануз дар достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ аз Дирафши Коваи оҳангар ёд мешавад, ки ҳамчун рамзи мубориза бар зиди зулму ситам, бедории миллӣ ва талош барои озодиву адолат дар саҳифаҳои таърих ҷовидона мондааст.

         Бо ҳамин тартиб директори телевизиони “Варзиш” Алӣ Шарифзода ва муовини аввали телевизиони “Синамо” Раҷабзода Масрур ба минбар баромада, доир ба ин мавзуъ ва аҳамияти ҷашнгирии он баромад намуда, ҳамчунин, табрикоти хешро ба ҳозирин иброз доштанд.

Академияи ВАО

24.11.2026   

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.