АНҶОМИ КУРСИ АСОСҲОИ ЖУРНАЛИСТИКА

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои кормандони ғайриихтисоси шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ курси махсуси “Асосҳои журналистика”-ро аз 25 ноябр то 06 декабри соли равон баргузор кард, ки дар он 26 нафар кормандони телевизион ва радио иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки бори дуюм аст, ки Академияи ВАО чунин машғулиятро ба роҳ мемонад ва ба хатмкунандагони он ГУВОҲНОМА-и ихтисоси журналистӣ дода мешавад.

Курси мазкурро ба сифати омӯзгор (тренер) узви ҳақиқии Академияи телевизион ва радиои Авру-Осиё Абдумаҷид Ҳакимзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ ва рӯзноманигори соҳибтаҷриба Иззатманд Саломиён гузаштанд.

Баъди анҷоми курс аз шумораи зикршуда ба 20 нафари фаъол ва таҷрибадор ГУВОҲНОМА-и Академияи ВАО супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.