АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ КОРГАРДОНҲОИ ОВОЗ
Аз 13 то 18 март дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии коргардонҳои овоз доир гардид ва дар ин машғулият кормандони бахши танзими овоз аз шабакаҳои телевизион ва радио ширкат намуда, усулҳои нави маҳорати танзими овозро фаро гирифтанд.
Омӯзгор Ф. Ҳакимов ба иштирокчиёни машғулият усул ва василаҳои кор бо барномаҳои танзими овозро омӯзиш дода, иштирокчиёнро бо як қатор навовариҳои бахши танзими овоз ошно намуд. Дар машғулият ҳама паҳлуҳои кори танзими овоз омӯхта шуд. Ба 11 нафар иштирокчиёни машғулият Сертификати МД “Академияи ВАО – Тоҷикистон” дода шуд.







