АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ: БА 9 НАФАР СЕРТИФИКАТ СУПОРИДА ШУД
Машғулияти омӯзишии “соҳаи сиёсӣ” дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радио аз таърихи 16 то 31 январ сурат гирифт. Дар ин машғулият иштирокчиён оид ба усул ва моҳияти инъикоси мавзуҳои сиёсӣ дар ВАО маълумот гирифтанд.
Иброҳим Аҳмад, мутахассиси ботаҷриба оид ба назария, таърих ва роҳҳои муассири инъикоси мавзуҳои сиёсӣ дар ВАО омӯзиш гузаронд ва ба иштирокчиён роҳу василаҳои навини инъикоси масоили сиёҳиро нишон дод. Ташреҳи мафҳум, моҳият ва дигар назарияҳои сиёсӣ низ ҷузъи асосии машғулияти омӯзишии мазкур буд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни машғулият мутахассис аз таҷрибаи худ ва дигар ВАО мисолҳо зикр намуда, ба иштирокчиён оид ба шеваҳои масъалагузорӣ ҳангоми таҳияи барномаҳо ва бозтоби сиёсати давлату ҳукумат дар ВАО маълумот дод.
Омӯзиши машғулиятҳои соҳавӣ яке аз барномаҳои татбиқшудаи муҳимми “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” мебошад, ки ҳадафи ниҳоиаш такмили донишҳои назариявӣ-амалии кормандони шабакаҳои телевизион ва радио мебошад. Тибқи ин барнома дар ҷараёни сол машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуҳои сиёсат, фарҳанг, маориф ва ғайра баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки иштирокчиён дар ҷараёни машғулият масъалаҳои асосии барномаи омӯзишии соҳаи сиёсиро фаро гирифтанд ва зимни суолу ҷавоб ба паҳлуҳои норавшани ин самти фаъолияти журналистӣ маълумот касб намуданд.
Дар анҷом ба 9 нафар иштирокчиёни машғулият сертификати “Академияи ВАО – и Тоҷикистон “ супорида шуд.
“Академияи ВАО – и Тоҷикистон” ба раҳбарони шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ барои фиристодани кормандони худ барои омӯзиш изҳори миннатдорӣ менамояд.




