ВОХӮРИИ СУДМАНД
Имрӯз (01.04.2026) ҳайати Комиссияи муваққатии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, ки соли 2025 дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳисоби адибону вакилони шаҳрӣ интихоб шудаанд, дар ҳамоҳангӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо хабарнигорону рӯзноманигорон дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ҷаласаи судмандеро баргузор намуданд.
Нахуст раиси комиссия Ато Мирхоҷа суханронӣ намуда, дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар воситаҳои ахбори омма ва мушкилоту инъикос инчунин, татбиқи он дар муассисаҳои соҳаро баррасӣ намуданд. Дар идома аъзои комиссияи мазкур Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи таҳаввулоти чанд давраи забони модарӣ (тоҷикӣ) баромад намуда, нуктаҳои ҷолиби таваҷҷуҳро манзури ҳозирин гардонид.
Меҳмони наврӯзии шаҳри Душанбе аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон доктори илмҳои филологӣ Муҳаммади Салҷуқӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ва дар баробари ҳайати аъзои Комиссия директори Академияи ВАО Исматзода Саъдӣ, баромад намуда, иҷроиши ҚҶТ “Дар бораи забони давлатӣ”-ро дар расонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдрон ба ҳайати Комиссияи муваққатии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
