ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ: “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир – дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд.
Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об – сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад.
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд.
Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд.
Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад.
Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд.
Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.
Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳамияти хоса дода, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими об ҳамеша кӯшиш менамоем. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор нигариста, дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказиро зарур мешуморад.
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем ва иқдомҳо бояд аз дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.
Сарвари кишвари мо ёдовар шуданд, ки дар солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.
Гуфта шуд, ки имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.
Дар хотимаи сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.
Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.
Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки ин пайғом мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт.
Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтуэ, раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири кишоварзӣ ва саноати коркард Эрлист Акунбеков, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид хонум Ретно Марсуди, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ли Ҷунҳуа, раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тапа, Ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуман, муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Армида Салсия Алисҷаҳбана ва Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли СММ, профессор Тшилидзи Марвала баромад карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар Кохи Сомони бустонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2500 иштирокдор аз 110 кишвар, намояндагони воломақоми 75 созмони байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд аз 170 муассисаи илмиву таҳқиқотии ҷаҳон ҷамъ омаданд. Ғайр аз ин, ҳамоиши мазкурро беш аз 300 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ инъикос менамояд.
26.05.2026 10.28
шаҳри Душанбе
Тоҷикӣ
Русский
English