КУРСИ “АСОСҲОИ ЖУРНАЛИСТИКА” ОҒОЗ ГАРДИД
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 25 ноябр то 06 декабри соли 2024 курси “Асосҳои журналистика”-ро барои кормандони ғайриихтисоси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур бори дуюм аст, ки дар Академияи ВАО гузаронида мешавад ва ба хатмкунандагони он ГУВОҲНОМА-и пешдурди фаъолияти журналистӣ дода мешавад ва ҳуқуқи фаъолият дар ин соҳаро дорад.
Қисмати назариявии курси “Асосҳои журналистика”-ро профессори факултаи журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ ва қисмати амалии онро мудири шуъбаи иттилоот ва равобити байналмилалии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ва шоир-рӯзноманигор Иззатманд Саломиён мегузаранд.
