МАШҒУЛИЯТИ ДИЗАЙНЕРОН ВА РАССОМОН ОҒОЗ ГАРДИД
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзиширо барои дизайнерон ва рассомони шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуи “Дизайн ва графикаи компютерӣ дар телевизион” ташкил кард.
Машғулият аз 16-ум то 20-уми сентябр дар китобхонаи Академияи ВАО гузаронида мешавад.
Ба ҳайси омӯзгор (тренер) мутахассиси варзида, собиқадори телевизион Салимшо Пирумшоев дарс мегӯяд.
Дар машғулият шунавандагон асосҳои дизайн, ороиши саҳна, графикаи компютерӣ ва мавзуҳои вобастаро ба тарзи назариявию амалӣ аз худ хоҳанд кард.
