МАШҒУЛИЯТИ “МАҲОРАТИ СУХАНВАРӢ” БА АНҶОМ РАСИД

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ба шунавандагони машғулияти омӯзишии “Маҳорати суханварӣ”, ки давоми 5 рӯз дар муассиса идома дошт сертификат супорид.

         Машғулият аз 23 то 27 феврали соли равон дар толори китобхонаи муассиса ба тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

         Машғулиятро наттоқи собиқадори телевизион Мунира Раҳимзода гузаронид.          Дар фарҷом аз шумораи 21 иштирокчӣ ба 14 нафари онҳо сертификати Академияи ВАО тақдим гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.