МАШҒУЛИЯТИ НАВОРБАРДОРОН ВА ТАНЗИМГАРОН

МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” курси махсусро барои наворбардорон ва  танзимгарони шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуи “Санъати наворбардорӣ ва танзим дар телевизион” оғоз намуд.

         Машғулият аз 08 то 18 июл соли 2024 дар китобхонаи Академияи ВАО баргузор мегардад.

         Ба сифати омӯзгор (тренер) мутахассисон Дзалаев Георгий Измайлович ва Диловар Султонов даъват шудаанд, ки нозукиҳои санъати наворбардорӣ ва танзимро меомӯзонанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.