МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ ТАНЗИМ ВА ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ АНҶОМ ЁФТ

Аз 30 январ то 10 ферали соли ҷорӣ машғулияти омӯзишии “Танзим ва пахши барномаҳои телевизионӣ” барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ бо ширкати мутахассиси соҳибтаҷриба аз Федератсия Русия Алексей Лемаев сурат гирифт.

Мутахассиси рус Алексей Лемаев дар машғулияти мазкур бо муаррифии барнома (нармафзор) -и нави танзимгарӣ “Давинчи ресолве” (DaVinci Resolve)  шева ва равишҳои танзими рангро барои иштирокчиён омӯзиш гузаронд. Барномаи ислоҳи ранг яке аз шаклҳои нави танзимгарӣ дар бахши синамо ва барномаҳои телевизион буда, он дар дунёи имрӯз ба шакли густурда истифода мешавад. Дар машғулияти машкур ҳам аз назари назария ва ҳам амалия тамоми ҷузъиёти ин барнома омӯзонда шуд.

Ҳамчунин, дар машғулият теория ва усулҳои нави танзим ва пахши видио дар телевизион омӯзиш дода шуд. Дар анҷом ба 10 нафар иштирокчиён сертификат супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.