МАШҒУЛИЯТ БАРОИ ТАНЗИМГАРОНИ ТЕЛЕВИЗИОН
Дар асоси дастури роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти набатиро барои танзимгарони шабакаҳои телевизионӣ таҳти унвони “Танзим ва дизайни барномаҳо (автоэфект)” баргузор намуд.
Машғулият давоми 5 рӯз (аз 02 то 06 март) дар толори китобхонаи муассиса гузаронида шуда, нозукиҳои танзимгарӣ ва дизайни онҳо омӯзонида мешавад.
Дар оғози машғулият муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Суҳроб Ализода иштирок ва суханронӣ намуд.
