МУТАХАССИСИ РУС ШАКЛҲОИ МУОСИРИ БАРНОМАСОЗИИ ТЕЛЕВИЗИОНИРО МЕОМӮЗОНАД
Машғулияти омӯзишӣ барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоӣ дар мавзӯи “Танзим ва пахши барномаҳои телевизион” бо иштироки мутахассиси соҳибтаҷрибаи Федератсия Русия Алексей Лемаев оғоз мегардад.
Алексей Лемаев дар ибтидо оид ба мафҳум ва аҳамияти танзим (мантаж), шеваи насб ва фаъолсозии барномаи танзимгарӣ, ислоҳ ва тағйири рангу садо ва шинос шудан бо навъҳои гуногуни тасвиру садо ба иштирокчиён маълумот дода, таъкид намуд, ки бо рушди технологияи муосир танзимгарӣ ба ҷузъи асосӣ ва муҳимми фаъолияти телевизиону радио табдил шудааст. Ба ақидаи ӯ, ба вуҷуд омадани барномаҳои нави танзимгарӣ шароитеро фароҳам мекунад, ки танзимгарон зимни танзим аз имкониятҳои васеъ барои боло бурдани сифати тасвир ва садо истифода намоянд. Илова бар ин, мутахассис нармафзори наверо бо номи “Давинчи ресолве” (DaVinci Resolve) муаррифӣ намуд, ки барои танзими ранг ва садо яке аз барномаҳои серистифода дар тамоми ҷаҳон аст. Ин барнома аз имкониятҳои бисёр васеъ бархӯрдор аст ва имконият медиҳад, ки танзимгарон бидуни муроҷиат ба дигар нармафзор ба ислоҳ ва тағйири ранг ва садо бипардозанд. Қобилиятҳои ислоҳкунанда ва тағйирдиҳандаи ин нармафзор нисбатан сода буда, бо омӯзиши кӯтоҳмуддат танзимгарон метавонанд аз он ба хубӣ истифода кунанд.
Бояд қайд кард, ки ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои Академия амалӣ мегардад ва дар оянда низ омӯзгорон ва мутахассисони ботаҷриба даъват карда мешаванд.




