ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ САМТИ СОХТМОН, МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

Аз 18-уми июн то 08-уми июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ баргузор мегардад.

         Машғулиятро устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аҳмадҷон Раҳмонзода ва мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҷабалӣ Шокиров ба шунавандагон дарс хоҳанд гуфт.

         Ҷойи қайд аст, ки дарсҳои амалии машғулият дар синфхонаҳои лаборатории факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ гузаронида мешаванд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.