ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ТАНЗИМГАРОН
Мувофиқи нақшаи корӣ дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои танзимгарони шабакаҳои телевизионӣ шурӯъ шуд.
Машғулият аз 09 то 13 феврал дар толори Академияи ВАО ба тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, нозукиҳои танзимгарӣ дар барнома ва гузоришҳои телевизионӣ омӯзонида мешаванд.
Машғулиятро мутахассиси соҳа Самариддин Холиқов мегузаронад. Дарсҳои амалӣ дар шуъбаҳои танзими телевизиони “Варзиш”, “Синамо” ва “Сафина” доир мегарданд.
Академияи ВАО
09.02.2026
