ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳамоишу ҷамъомад ва конференсияҳои илмию амалиро баргузор менамояд.

         Ин навбат 17 феврали соли 2026 Кумита дар мувофиқа бо роҳбарияти Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро дар толори Академия зери унвони “Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо” доир кард, ки дар он олимону донишмандони забоншинос аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат варзида, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба кори конференсия пешниҳод шудааст. Конференсия аз бахши ифтитоҳӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода оғоз шуда, дар идома аз 5 бахши дигар иборат мебошад.

         Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Сессияи 30-юми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО аз 17-уми ноябри соли 1999 ҳамасола дар тамоми дунё 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мирзоаминӣ Б.

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.