ФАРҶОМИ ДАРСИ ТАНЗИМГАРОНИ ТЕЛЕВИЗИОН

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии танзимгарони шабакаҳои телевизиониро таҳти унвони “Асосҳои кори танзим дар телевизион” ҷамъбаст намуд.

Машғулияти мазкур аз 09 то 13 феврали соли ҷорӣ дар толори китобхонаи муассиса гузаронида шуда, мавзуъҳои “Танзим ва банду басти наворҳо”, “Зеҳни сунъӣ – истифодаи он дар барномаи Adobe Premiere Pro”, “Инфографика – титр ва садои табиӣ”, “Мутобиқати матн бо навор” ва амсоли инро ба тариқи назариявӣ ва амалӣ омӯхтанд.

Машғулиятро соҳибтахассуси соҳа Холиқов Самариддин гузарониданд.

Дар фарҷом аз шумораи 11 нафар иштирокчӣ 10 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.

Академияи ВАО

13.02.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.