ҲАМОИШИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

03-юми марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи матбуот ва таъсисёбии се муассисаи зерниҳоди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академияи ВАО, Муассисаи давлатии ТВ “Синамо” ва Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш”) ҳамоиши илмӣ – назариявӣ доир гардид, ки дар он аҳли кормандони ин се ниҳод, устодон ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи дониггоҳҳои олии мамлакат аз ҷумла: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву    Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Академия ВАО Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни матбуот ва таъсисёбии муассисаҳои мазкур шодбош намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ меҳмонони ҷамъомад, аз ҷумла муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио Зоҳир Олимзода суханронӣ намуда, аз рушди воситаҳои ахбори омма дар даврони Истиқлол, бахусус расонаҳои соҳавӣ ёдоварӣ намуданд. Зикр гардид, ки нақши расонаҳои иттилоотӣ дар тавсеаи соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ назаррас ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлати телевизиони “Варзиш” Алӣ Шариф аҳли толорро бо идҳои баҳорӣ таҳният гуфта, дастовардҳои 10-соли муассисаро таъкид карданд. Таъкид гардид, ки телевизиони “Варзиш” дар рушду таблиғи соҳаи варзиш ва сиёсати варзишпарваронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон нақши бориз дорад.  

Бо ҳамин низом директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Муфарраҳ Шодизода ҳозиринро бо таҷлили чунин санаҳои муҳим муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки мақсад аз пешбурди фаъолият телевизиони “Синамо” таъмини аҳолӣ бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, амалӣ намудани  чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои тоҷик, бедор кардани завқи мардум ба санъати филмофарӣ мебошад.

Аввалин директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Набиҷон Набизода, аввалаин директори Академияи ВАО Зиннатуллоҳ Исмоилзода, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳошимзода, дотсенти факултети журналистика мазкур Сангин Гулов, профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву    Тоҷикистон Шариф Муллоев, ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансур Умед Содиқиён суханронӣ намуда, иштирокдорони ҷамъомадро бо 10-солагии таъсисёбии муассисаҳо табрику муборакбод намуданд.

Дар хотимаи ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти се ниҳод ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур, кормандони фаъол бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Академияи ВАО

03.03.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.