ҲАМОИШИ РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақша бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи телевизион, радио ва соҳаҳои алоқа ҳамоиши илмӣ амалиро таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио” доир кард.

         Ҳамоиш дар толори барҳавои ошёнаи 3-юми Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандони соҳа, роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио, собиқадорон, ходимони давлатӣ ва устодони соҳаи журналистика баргузор гардид.

         Ҳамоишро муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир оғоз бахшида, сараввал таваҷҷуҳи меҳмононро ба навори таҳиянамуда, ки фаъолияти босамари шабакаҳои телевизион ва радиоро дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат фарогир буд, ҷалб намуд.

         Ҳамин тавр аз ҷониби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Муҳаммад Абдураҳмон, директори Академияи ВАО Ҳақназар Каримзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, профессор Шариф Муллоев, профессор Дониёр Сангинзода, декани факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Ҳошимзода, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода ва дотсенти факултети журналистикаи ДМТ Сангин Гулов маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод шуда, дастовард ва мушкилиҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби собиқадорони соҳа Абдумаҷид Ҳакимзода ва Ҳасанҷон Халилов ироа ва ёдовариҳои хотирмон аз фаъолияти гузашта ва фарқияти имрӯза пешниҳод шуда, баргузории ҳамоишро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Аз ҷониби масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромади фарогири соҳаи алоқа пешниҳод шуда, аз номи роҳбарияти хадамот ҳозиринро ба Рӯзи телевизион, радио, ва соҳаҳои алоқа табрик гуфтанд. 

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

06.05.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.