ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲА
Ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2026-и Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ва МД телевизиони “Синамо” бо иштироки роҳбарият ва кормандони эҷодию техникии муассисаҳо ҷамъбаст гардид. Дар кори он раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал ҳисоботи директори МД телевизиони “Синамо” Муфарраҳ Шодизода шунида шуда, оид ба дастоварди рушди синамои тоҷик дар ин марҳила маълумот дод. Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли равон оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлолӣ давлатӣ филмҳои мустанад ва таърихӣ афзун гардиданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд иштироки кормандони муассиса дар Фейстивалҳои байналмилалӣ зиёд карда шавад. Бо ҳамин тартиб ҳисоботи директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Ҳақназар Каримзода низ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки муассиса дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша ва супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаро бо ҷалби коршиносони хориҷию ватанӣ ба роҳ монд. Дар ин давра барои кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ 10 машғулияти омӯзишӣ дар шакли назариявӣ ва амалӣ 1 курси забони русӣ ва 3 ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир карда шуданд.
Дар қисмати ҷамбастӣ ва музокира раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир аз фаъолияти муассисаҳо дар самти иҷрои нақша ва супоришҳои Кумита изҳори хушнудӣ намуда, барои ҷоннок ва самараноктар гардидани маҳсули барномаҳои телевизионӣ, беҳсозии сифати филмҳо ва ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани машғулиятҳои омӯзишӣ ва ҷалби бештари тренерҳо (омӯзгор) аз хориҷи кишвар дастурҳои мушаххас доданд.
Тоҷикӣ
Русский
English