АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ НАТТОҚОН ВА БАРАНДАГОНИ БАРНОМАҲОИ ТВ ВА РАДИО
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” аз 17 то 21 июл машғулияти омӯзишӣ барои наттоқон ва барандагони барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баргузор шуд.
Омӯзгорони машғулияти мазкур Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа ва Моҳлиқо Шарифова, наттоқ, рӯзноманигор ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳони орзу” ба шунавандагон маҳоратҳои суханвариро омӯзонданд. Омӯзгорон ба шунавандагон аз назарияву амалияи суханварӣ дарс гузашта, назокатҳои маҳорати суханвариро таълим доданд. Дар ин машғулият шакли талаффузи калимаҳо, риояи зада дар вақти қироат, шеваи хониши ахбор, усулҳои ширкат ва барандагӣ дар барномаҳои мустақим ва дигар маҳоратҳои суханварӣ омӯзонда шуд. Шунавандагони машғулият аз натиҷаҳои машғулият қаноатманд шуда, зикр намуданд, ки дар ҷараёни машғулият усул ва методҳои маҳорати суханвариро фаро гирифтанд.
Дар фарҷом 18 нафар барои иштироки фаъол дар машғулият соҳиби сертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон“ шуданд.











