ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАВИИ ҲУҚУҚ БАРОИ КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии соҳаи ҳуқуқ оғоз шуд, ки ҳадафи асосиаш таълим додани асосҳо ва меъёрҳои ҳуқуқ барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва  радиоӣ аст.

         Дотсент Алиев Фарух, мудири кафедраи  ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шунавандагон асосҳои ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла қонунҳо, санадҳо, аҳднома ва дигар масъалаҳои назариявии соҳаи ҳуқуқшиносиро таълим хоҳад дод.

Соҳаи ҳуқуқшиносӣ яке аз соҳаҳои муҳим барои ҷомеа мебошад ва фаро гирифтани донишҳои назариявии соҳаи мазкур барои рӯзноманигорон имкон фароҳам меоварад, ки дар инъикоси мушкилот ва проблемаҳои марбут ба ҳуқуқи ҷомеа ба шакли касбӣ амал намоянд. Аз ҳамин назар, муассисаи номбурда тасмим гирифт, ки машғулияти соҳавии ҳуқуқро доир намояд ва бо ин роҳ асосҳои соҳаи ҳуқуқ, ҳамчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва мудофиаро ба рӯзноманигорон таълим диҳад. Дар ҷараёни таълим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радио”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ ” ва қонунҳои дигари марбути соҳа ҳамеша мавриди назар қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ аст ва бо ин далел тамоми қонунҳои қабулшуда ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, мудофиа ва ғайра хидмат менамояд. Шарҳу тавзеҳи қонунҳо, инъикоси проблемаҳои  ҳуқуқии ҷомеа, ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ, дифоъ аз манфиатҳои миллӣ яке аз масъулиятҳои муҳими рӯзноманигорон мебошад. Дар машғулияти мазкур принсипҳои риоя ва татбиқи меъёрҳои зикршуда омӯзиш дода мешавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.