МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ СОҲАИ ҲУҚУҚ БА АНҶОМ РАСИД
Аз 31 июл то 17 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти соҳаи ҳуқуқ, ки омӯзиши масъалаҳои амният ва мудофиаро дарбар мегирифт, доир гардид. Машғулият барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ташкил шуд ва шунавандагон муҳимтарин қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро фаро гирифтанд.
Омӯзгор дотсент Алиев Фарух – мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ба шунавандагон асосҳои ҳуқуқ, аз ҷумла қонунҳо, санадҳо, аҳдномаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро фаҳмонд. Соҳаи ҳуқуқшиносӣ яке аз соҳаҳои асосӣ аст ва фарогириву риояву татбиқи қонунҳо боиси ба вуҷуд омадани амнияти комил дар ҷомеа мешавад. Ҷомеае, ки дар асоси қонунҳо фаъолият мекунад, ҷомеаи босуботу ҳуқуқбунёд аст. Аз ин назар, муассисаи зикршуда машғулияти соҳаи ҳуқуқро доир намуд, то муҳимтарин масъалаҳои соҳаи ҳуқуқ ва роҳу усулҳои инъикоси мавзуъҳои ҳуқуқро ба рӯзноманигорон таълим диҳад. Дар ҷараёни машғулият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радио”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ ” ва қонунҳои дигари марбути соҳа шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар анҷоми машғулият ба 8 нафар шунаванда сертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” супорида шуд.





