АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ “ДИЗАЙН ВА САҲИФАБАНДӢ” БАРОИ НАШРИЯҲО

Машғулияти омӯзишии “Дизайн ва саҳифабандӣ” барои кормандони нашрия ва маҷаллаҳо ба анҷом расид.

Шунавандагони машғулият асос ва усулҳои дизайнерӣ ва саҳифабандиро фаро гирифтанд. Омӯзгор Бозорзода Нуриддин Шодипур – профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси ду барномаи дизайнерӣ – печмейкер ва индизайн усул ва тарзи саҳифабандии рӯзнома ва маҷаллаҳоро ба шунавандагон омӯхт. Шунавандагон дар  ҷараёни машғулият бо меъёрҳои асосии саҳифабандӣ ва усулҳои нави дизайнерӣ ошно шуданд.  Масъалаи навоварӣ дар саҳифабандии рӯзнома ва маҷаллаҳо дар ҷараёни машғулият матараҳ гардид ва омӯзгор тавсия дод, ки барои беҳтар гардидани симои нашрияҳо бояд аз усулҳои нави саҳифабандӣ истифода кард.

         Қобили зикр аст, ки машғулияти мазкур аз 28 август то 1 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид ва барои шунавандагони фаъол ба 6 нафар сертифати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.