КОРМАНДОНИ НАШРИЯҲО УСУЛИ ОРОИШИ РӮЗНОМА ВА МАҶАЛЛАРО ФАРО МЕГИРАНД

         Ороиш ё саҳифабандӣ як ҷузъи муҳим ва таркибии кори нашрияҳо ба ҳисоб меравад ва бо ин далел Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии “Саҳифабандӣ дар рӯзнома ва маҷалла” – ро доир менамояд.

            Профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бозорзода Нуриддин Шодипур асосҳои назариявӣ ва амалии саҳифабандиро ба шунавандагон омӯзиш медиҳад. Усули кор бо барномаҳои печмейкер ва индизайн мавзуи асосии машғулият буда, шунавандагон роҳу усулҳои ороиши рӯзнома ва маҷаллаҳоро бо истифода аз ин ду барнома фаро мегиранд. Маълум аст, ки имрӯз нашрияҳо асосан бо ду барномаи зикршуда саҳифабандӣ мешаванд ва фаро гирифтани ҷузъиёт, усул ва роҳҳои кор бо  ин ду барнома имконият медиҳад, ки ороиши рӯзномаву маҷаллаҳо сифтан хубтар анҷом шавад. Шабкасозӣ, сутунороӣ, аксгузорӣ, риояти таносуби рангҳо, интихоби ҳуруф (шрифт) ва дигар нозукиҳои кори саҳифабандӣ дар ҷараёни машғулият таълим дода мешавад. Ороиши ҳунармандонаи рӯзнома ва маҷаллаҳо дар асри муосир як бахши муҳими кори нашрияҳо буда, омили муҳими ҷалби хонанда (аудитория) низ ба шумор меравад.

Бо рушди технология ва ихтироъи барномаҳо кори саҳифабандии рӯзномаву маҷаллаҳо  тағйир ёфта, шаклан намуди нав касб кард. Дар шароити имрӯз барномаҳои ҷадид ба тарроҳони рӯзномаву маҷаллаҳо имкон медиҳад, ки аз роҳу  усулҳои нави саҳифабандӣ истифода намуда, нашрияҳоро ба шакли беҳтар ороиш намоянд. Фарогирии равишҳои нави саҳифабандӣ барои такмили ихтисос ва беҳтар шудани ороиши нашрияҳо ба манфиати кор хоҳад буд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.