ОМӮЗИШИ САНЪАТИ НАВОРБАРДОРӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО


Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти “Асосҳои санъати наворбардорӣ дар телевизион ва кино” барои кормандони шакабаҳои телевизион ва радио оғоз гардид. Ҷиҳати иҷрои бештари корҳои амалӣ ва истифода аз дастгоҳҳои техникӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ машғулияти мазкур дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” доир мешавад.Дзалаев Георгий Измайлович – мутахассиси соҳаи телевизион ва кино муҳоратҳои наворбардорӣ, аз ҷумла усулҳои сабт ва ҷобаҷогузории кадр, истифода аз усулҳои гуногуни наворбардорӣ ҳангоми таҳияи барномаҳо, риояи меъёрҳои наворбардорӣ ва дигар нозукиҳои кори наворбардориро меомӯзонад.Қобили зикр аст, ки наворбардорӣ кори асосии телевизион аст ва ҳадаф аз ташкили машғулияти омӯзишии зикршуда боло бурдани маҳорати кормандони телевизион ва радио ба шумор меравад. Машғулият аз 22 то 26 май идома меёбад ва шунавандагон усулҳои асосии наворбардориро фаро мегиранд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.