БА ИФТИХОРИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба ифтихори 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” маҷлиси тантанавии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарият ва сохторҳои кумита, ҳамчунин намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

         Дар оғоз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати 32 –солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, доир ба моҳият ва аҳмияти истиқлоли давлатӣ дар шароити имрӯзи ҷаҳон,  нақши муҳими  воситаҳои ахбори омма, ба хусус телевизион ва радио дар ҳифзу тарғиби арзишҳои милливу давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолият суханронӣ намуд. Ба таъкиди мавсуф кормандони ВАО нақши бисёр муассир дар таҳкиму тақвияти арзишҳои замони истиқлол доранд, вазифаи ин қишри ҷомеа аст, ки барои тарғиби арзишҳои давлатдорӣ ва истиқлол  фаъолияти муассир дошта бошанд.

         Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон дар маҷлис оид ба таърихи назариявӣ ва амалии ташаккули истиқлоли давлатӣ маъруза намуда, моҳият ва аҳмияти истиқлоли давлатиро таъкид намуд. Мавсуф бо истинод ба назарияи илмӣ ба шарҳи пайдоиши мафҳуми Истиқлол пардохта, ҷараёни ташаккул ва дар амалия ба исбот расидани ин мафҳумро шарҳу тавзеҳ дод.

         Дар фарҷом гуруҳе аз кормандони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои хуби корӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Аълочии телевизион ва радио”, Ифтихорнома, Сипосномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита сарфароз шуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.