ФАРҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои рӯзноманигороне, ки дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мавод ва гузоришу барнома таҳия менамояд, машғулияти омӯзиширо баргузор кард. Мақсад аз доир намудани чунин машғулиятҳо алалхусус, дар соҳаи тиб омӯзиш ва боло бурдани дараҷаи тахассусӣ, фаро гирифтани донишҳои назариявию амалӣ, омӯхтани истилоҳоти соҳавӣ, такмили донишҳои тиббӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои мавсимӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути телевизион, радио ва матбуоти даврӣ мебошад.
Машғулият давоми 10 рӯз (аз 28 сентябр то 08 октябр) дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, вобаста ба ҳар самти омӯзиш мутахассис ҷалб шуда, аз рӯи барномаи таълимӣ, ки мақсади асосии барнома омода намудани журналистони соҳаи тандурустӣ мебошад, дарс гуфтанд.
Дар фарҷоми машғулият муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Олимзода, муовини Раис Барно Соҳибзода, директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Орзу Раҳмоналиев ва муовини директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Обидҷон Саидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
12 нафар аз кормандони соҳаи воситаҳои ахбори омма, ки курси бозомӯзии мазкурро бо муваффақият хатм намуданд, соҳиби сертификат шуданд.
АКАДЕМИЯИ ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English