ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

8 сентябр дар майдони “Истиқлол”-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздики 20 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони Истиқлоли пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Идома

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.