САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗОРБОЙҶОН ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “ШОМИ ДӮСТӢ” ИШТИРОК НАМУДАНД
14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ – “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.