ВОХӮРИИ СУДМАНД
Имрӯз (11.06.2026) дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо мақсади беҳбуд бахшидани сифати таълим дар Академия ва тағйир додани муҳтавои барномаҳои телевизион ва радио нишасти корӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир, муовини раиси Кумита Соҳибзода Барно раёсат ва кормандони Академия иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати эҷодии Академия низ андешаҳои худро дар мавриди беҳбуд бахшидани кор, таҳкими ҳамкориҳо байни муассиса ва расонаҳои фаъолияткунанда иброз доштанд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки бо роҳи омӯзиши амиқи соҳа, баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса, ҷалби мутухассисони соҳа аз хориҷи кишвар ва корбарии пайгирона ҷиҳати амалӣ гардидани донишҳои муҳассилин метавон ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таълим дар Академия таъсир гузошт.
Тоҷикӣ
Русский
English