МАХСУСИЯТИ КОРИ НАВОРБАРДОРӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақша аз 18 то 22 майи соли 2026 наворбардорони шабакаҳои телевизиониро ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифт. Тренери машғулият наворбардори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Маҳрамшоҳ Холов нозукиҳои кори наворбардориро ба иштирокчиён омӯзонд ва мо дар ҷамъбаст вобаста ба асосҳои фаъолияти наворбардорӣ ва дурнамои самти сабту танзим дар шароити муосир бо ӯ мусоҳиба оростем:
Ҳамин ҳафтаи сипаришуда бо мутахассисон – наворбардорони шабакаҳои гуногуни телевизионӣ дар Муассисаи давлатии Академияи ВАО машғулияти омӯзишӣ гузаронидед. Ба фаъолмандии кормандони соҳа чӣ баҳо мегузоред?
Бачаҳо хеле фаъол буданд, мутахассисон хоҳиши баланди касбомӯзӣ доштанд. Бо онҳое, ки мо кор кардем, ҳам чизеро омӯзонидему ҳам омӯхтем, зеро ин гуна ҷамъомад, машғулиятҳо азбаски мутахассисони як соҳаро даври ҳам меоварад, боиси табодули таҷриба, дониш, ҷаҳонбинӣ мегардад. Ин хеле хуб аст. Чунин ташаббусҳо бояд ҳарчӣ бештар шаванд. Баҳои ман мусбат аст.
Ба назари шумо, як наворбардори муваффақ бояд кадом малакаҳоро дошта бошад? Барои гирифтани кадрҳои хуб бештар ба чӣ диққат кардан лозим аст?
Барои наворбардор дар дараҷаи аввал донистани композитсия муҳим аст. Барои он ки дар бастабандии кадр қонунмандиҳои муайян ҷой дорад, бе донистани онҳо мо зебоӣ офарида наметавонем. Дар марҳилаи баъдӣ мо бояд рушноиро ба назар бигирем. Агар бо рушноӣ кор кардан натавонем, сифати кори мо коста ва мавод ғайри қобили истифода мешавад. Оператори хуб мефаҳмад, ки нур аз куҷо меояд ва онро чӣ гуна идора, бархӯрд кунад. Сеюм, бо ракурс кор карданро омӯзем… Он барои таъсиргузор гардондани саҳна таъсир дорад. Масалан, ракурс аз поён қаҳрамонро боирода ва муҳим муаррифӣ мекунад ва баракс, аз боло намо додани шахс шикаста, заиф будани ӯро бозгӯйӣ мекунад.
Яъне муҳимтарин ҷузъи кори наворбардорро композитсия, рушноӣ ва ракурс аст.
Асоси дигар ҳангоми фаъолияти касбӣ хуб донистани қоидаи 1800 аст – он яке аз қоидаҳои асосии кино ва телевизион мебошад. Ҳадаф аз корбурди он нигоҳ доштани самти ҳаракат, ҷойгиршавии қаҳрамонон аст. Байни ду нафар мусоҳиб як хат мегузарад, ки меҳварист – камера аз як тарафи ҳамин хат бояд навор гирад, вагарна тамошобин сардаргум мегардад, танзим нодуруст менамояд:
Илова бар ин, ҳар як наворбардор донад, ки ӯ шахси одӣ не, шахсиятест, ки бинанда – ҳаводори худро дорад. Ҳамин чеҳраро бояд зебо муаррифӣ кард, ҳамин чеҳраро бояд баҳурмат гардонд. Вақте мо аз ҳамин дидгоҳ корро дар телевизион оғоз мекунем, сифати кори мо бамаротиб беҳтар ва таъсиргузории он рӯйи тамошобин баланд мешавад.
Наворбардор пеш аз ҳама, эҷодкор аст, агар қобилияти эҷодкории наворбардор дар сатҳи зарурӣ набошад, ба ҳадаф расида наметавонад. Масалан, вақте ман дар кӯча мегардам, мисли мардуми одӣ назар намекунам, балки нигоҳи ман мисле аз паси чашми дастгоҳи наворбардорист. Ҳар чизе, ки ман мебинам, кадр аст – ба як роҳи муқаррарӣ нигариста, андеша мекунам, ки ана, перспектива… Бигзор, ҳамаи наворбардорон чунин бошанд.
Маъмулан, дар ҷараёни кор наворбардорон бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд ва роҳҳои ҳалли он аз чӣ иборат аст?
Дар шароити Тоҷикистони офтобии мо мушкили асосие, ки наворбардорон ба он мувоҷеҳ мешаванд, кор бо рушноӣ, махсусан дар фаслҳои гарм – аз нимаи дуюми фасли баҳор то нимаи аввали мавсими тирамоҳ ба вуҷуд меояд. Дар ин рӯзҳо равшании офтоб хеле зиёд аст, ки барои корро пеш бурдан махсусан дар фазои кушод мушкилӣ эҷод мекунад.
Дигар мушкилро ба тариқи тавсия мехоҳам зикр кардан, ки ҳар корманд, на танҳо дар самти техникӣ, балки дигар соҳаҳо низ пайваста дониши худро такмил диҳад. Махсусан дар риштаи видеооператорӣ, ки ҳар замон техника ва технология нав мешавад – рушд меёбад, мутахассисон дар пайи омӯзиш ва сайқал додани дониши техникӣ ва эҷодияшон бошанд. Ҳамин гунае ки моро Академияи ВАО моро ҷамъ овард, ин яке аз воситаҳои такмил додани дониш аст, ба роҳҳои дигари зиёд – нав кардани фаҳмиши наворбардорон интернетро метавонам ном бурдан, ки маълумоти фаррох ва ҷадид дар он ҳаст…
Худи Шумо барои чӣ наворбардор шудед?
Касби наворбардориро ман тасодуф интихоб кардам. Ихтисоси ман аслан, рӯзноманигор аст (Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) ва дар самти коргардонӣ таҷриба дорам. Корро аз ёвари коргардон 20 сол пештар дар телевизиони “Сафина” оғоз кардаам. Дар ҷараёни фаъолият ҳамин хел шуд, ки ба Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” омадем – чун ин шабака иттилоотӣ аст, ба кормандони техникӣ, махсусан наворбардорон ниёз доштанд. Роҳбари ҳамонвақтаи ин шабака – Абдулмаҷид Усмонзода тавсия доданд, ки ба ҳайси наворбардор кор кунам. Дар аввал розӣ нашудам, чун таҷрибаи кории ман дар самти коргардонӣ буд, аммо ҳамин ки корро шурӯъ намудем, зина ба зина ман ошиқи ин пеша гардидам, унс гирифтам ва фаъолият дар ин самт идома пайдо кард.
Технологияҳои нав, мисли дрон ё AI ба кори наворбардорон чӣ таъсир расонданд?
Шумо медонед, ки таъсири хуб… Барои видеооператорҳо сабукӣ овард. Агар пештар барои сабти як манзара роҳҳои дарозро тай кардан пеш меомада бошад, айни замон дрон ҳамин фосиларо аз байн бардошт. Дронҳо имкон фароҳам оварданд, ки кадрҳо аз боло бо ракурсҳои ғайриодӣ сабт карда шаванд, яъне бо харҷи кам ба даст овардани сабтҳои ҳавоӣ имконпазир гардид, барои ҷойҳои душворро навор гирифтан имкон пайдо шуд…
Ба воситаи AI (зеҳни сунъӣ) фурсати айни замон сабт кардан ва танзими он муҳайё шуд. Ба воситаи он метавон сифати садо ва симоро беҳтар кард, ҳатто сохтани видео мумкин гардид (ки ин, албатта, хатарҳоеро низ, монанди паҳн гардидани видеои қалбакӣ… дар пай дорад)…
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки рушди техника барои тамоми соҳаҳо сабукӣ меорад.
Бо мусоҳибон ё қаҳрамонҳои навор чӣ гуна муносибат барқарор бояд кард?
Оҳ… Ин яке аз мушкилтарин паҳлӯҳои кори мо аст, чунки одамон, махсусан мутахассисони ин ва ё он соҳа гуногунхислат, гуногунмизоҷ мешаванд. Дар таърихи корӣ ман борҳо во хӯрдам бо чунин қаҳрамон, ки ниҳоят инҷиқ аст – гоҳ арз мекунад, ки вақт кам монд, гоҳи дигар аз дилтанг шуданаш аз ҷараёни кори техникӣ мегӯяд…
Ман фикр мекунам, ки яке аз воситаҳои бисёр таъсиргузор дар ҳар ҳолате муносибати хуб – таърифу тавсифи кор, ташаббусҳои мусоҳибамон мебошад. Хислати хоксорӣ дар ҳар наворбардор бояд бошад, балки ин хислат дар мадди аввал меистад. Хислати хуб силоҳи шумо мешавад. Вагарна мусоҳибон бо вақти маҳдуде, ки доранд, интизорӣ дуруст кардани сепояи камера (штатив) намеистанд.
Ягон бор сифати кори наворбардорони Ҷумҳуриро бо наворбардорони хориҷӣ муқоиса кардаед? Чӣ монандӣ ва тафовут вуҷуд дорад?
Дар кишварҳои хориҷӣ, монанди Русия, Индонезия, Олмон ва баъзе давлатҳои дигари Аврупо дар сафари хидматӣ будам, тафовутҳо вуҷуд доранд. Ин тағйир, пеш аз ҳама дар доираи васеи омӯзиш ва фарогирии мутахассисон ба мушоҳида мерасад. Барои мисол, дар Русия боре зимни кор дидам, ки видеооператор бо 4 нафар ёвар – камертехник, мутахассиси овоз ва ғ. омада, дар ҷараёни сабт иштирок намуд. Дар якҷоягӣ онҳо корро бисёр зуд ва осон ба итмом расониданд, чун ҳар кас як вазифаи мушаххас дошт – кор танҳо бо овоз, насби ҷузъҳои камера, интихоби ҷой ва ғ.
Мо наворбардорони хуб бисёр дорем (Наврӯз Саидов, Шуҳрат Қурбонов, Усмон Юсупов…). Дигар масъала ташкили мактабҳои алоҳида барои касбҳои гуногун – наворбардорӣ, масалан, ба ҳисоб меравад. Марказҳои омӯзишӣ барои касбу корҳои алоҳида имкон медиҳанд, ки ҳамаи ин чеҳраҳо барои табодули донишу таҷриба ҷамъ биёянд, чизе бигӯянд аз таҷрибаашон ва чизи хубе бишнаванд, мунтазам наслҳои навро тарбия кунанд… Дар Авпупо, Амрико, Чин, Эрон мактабҳои алоҳидаеро во мехӯрем, ки бо наворбардорон бевосита кор мекунанд, касб меомӯзонанд.
Дар Академияи ВАО, барои он ки мо семинари 5-рӯза гузаронем, панҷсола маълумотро ман мухтасар кардам. Як мавзӯи рушноӣ бо васеияти худ як сол метавонад идома ёбад. Ман худам, барои он ки бахши композитсияро пурра аз худ кунам, 6 моҳ заҳмат кашидам.
Ба назари шумо, фарқи наворбардори касбӣ аз ҳаваскор дар чист?
Наворбардори касбӣ ин рассом аст. Ҳар кас сабт карда метавонад – шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз навор аст, аммо дарёфти кадре, ки ҷавобгӯйи параметрҳои зебогӣ бошад, кам андар кам аст. Наворбардори ҳақиқӣ касе аст, ки тамошобинро бисёр нозукона аз паси худ мебарад. Ҳаваскорон худнамоӣ мекунанду бас.
Дар вақти кор бештар ба эҷодкорӣ такя мекунед ё ба иқтидори техника?
Аслан, иқтидори техникӣ то ҷое нақш дорад, аммо агар нигоҳи зебо надошта бошед, зебо сабт кардан ғайриимкон аст. Беҳтарин камераҳо агар дар ихтиёри Шумо гузошта шаванд, ки маҳорати зебобинӣ надошта бошед, барҳадар меравад.
Барои омода кардани як видеои босифат чӣ қадар вақт ва меҳнат лозим мешавад?
Ин суол хеле ҷолиб аст! Аз таҷрибаҳои худ мехоҳам ёдоварӣ кардан, ки бо ширкати хориҷие ҳамкорӣ мекардем. Онҳо барои мо то 3 рӯз муҳлат медоданд, ки як сужа омода кунем, яъне, як миқдор фурсат доштем. Аммо дар шароити телевизионҳои мо, ки сареият ба назар гирифта мешавад, вақт ниҳоят кутоҳ аст – дар як рӯз масалан, 18 сюжет омода мекунем. Ба эҷодкор вақт додан лозим. Чӣ гунае ки шоир як мисраъ шеърро навишта, рӯзҳо барои таҳриру такмили он меандешад, ҳамин гуна наворбардор низ бо назардошти иваз шудани рушноӣ, рангҳо, ҳолатҳо ба навораш чизе илова кардан мехоҳад, тағйир додан мехоҳад… Баъзан, барои ба ҳадаф расидан мо аз баҳри бисёр чиз мегузарем, зеботарин наворро мо ихтисор мекунем, ки ба ҳадаф наздик шавем.
Ҷавобҳои хуб гирифтем. Ташаккур ба Шумо. Чизи дигаре илова кардан мехоҳед, ки напурсидем?
Бале. Ман иқдоми Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”-ро хуш истиқбол мекунам, ки мутахассисони гуногуни соҳаи журналистикаро даври ҳам ҷамъ оварда, имконияти такмили ихтисоси онҳоро фароҳам меоварад. Бо боварӣ мегӯям, ки чунин тадбирҳо муҷиби беш аз пеш рушд кардани самти журналистика мешавад – донишандӯзӣ, такомули таҷриба, табодули иттилоот барои наворбардорон уфуқҳои нави ҳамкорӣ, ташаббусҳоро мекушояд. Бигзор, чунин вохӯриҳо 5 рӯз неву 15 рӯз тӯл кашад, наворбардорони таҷрибадор ҷалб шаванд… то насли баъдӣ боз ҳам зирак тарбия ёбад.
Муслима МАННОН
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English
